Соли 2026
Намуди зоҳирӣ
| Солҳо |
|---|
| 2022 · 2023 · 2024 · 2025 — 2026 — 2027 · 2028 · 2029 · 2030 |
| Даҳаҳо |
| 2000-ум · 2010-ум — 2020-ум — 2030-ум · 2040-ум |
| Садаҳо |
| садаи XX — садаи XXI — садаи XXII |
- 7 январ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ Раҳмонзода Абдулло Қурбоналиро аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод намуд.[1][2]
- 16 феврал — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул ва аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣшударо ба имзо расонд. Аз ҷумла, ба қонунҳо дар бораи хариди давлатӣ, таъмини ченаки ягона, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нақлиёти автомобилӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.[3][4]
- 26 март — дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар Тошканд Изҳороти муштараки президентҳои ду кишвар оид ба таҳкими шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ ба имзо расид. Ҳамчунин барномаи зиёд намудани гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то 2 миллиард доллари ИМА то соли 2030 ва барномаи ҳамкории саноатӣ ба имзо расиданд.[7][8]
- 28 март — таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 баррасӣ шуданд.[10][11]
- 29 апрел — дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар семоҳаи аввали соли 2026 баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки дар семоҳаи якум рушди иқтисоди миллӣ 8 фоизро ташкил дода, истеҳсолоти саноатӣ 14 фоиз ва сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ 34 фоиз афзоиш ёфтааст.[12][13]
- 13 май — дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи Пекин боздид намуда, ба унвони профессори фахрии ин донишгоҳ сарфароз гардонида шуд.[14][15]
- 26 май — дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ба кори худ оғоз намуд. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.[16][17][18]
- 26 май — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид сарфароз гардонида шуд.[19][20]
- 20 июл — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Муғулистон рафт. Сафари давлатӣ дар доираи густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Муғулистон сурат гирифт.[25][26]
- 21 июл — дар Улан-Батор мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор гардид. Дар доираи сафари давлатӣ инчунин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон ифтитоҳ шуданд.[27][28]
- 11 август — дар шаҳри Ҳисор як қатор иншооти нави иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла ҳафт муассисаи таҳсилоти миёна, ду муассисаи таҳсилоти томактабӣ, бинои меҳмонхона ва маҷмааи солимгардонӣ, шуъбачаи милитсия, Қасри ҳоким ва чор корхонаи истеҳсолӣ ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуданд.[29][30]
- 12 август — дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд. Дар донишкада дар ин давра зиёда аз 400 донишҷӯи хориҷӣ аз ҳашт давлати ҷаҳон таҳсил мекарданд.[31][32]
- 18 август — дар Душанбе дар фазои иттилоотии кишвар Радиои «Сафина» расман ба фаъолият оғоз намуд.[33] Пахши онлайн: Барномаҳо ва эфири мустақими радио тариқи сомонаи расмии муассиса (`https://safina.tj`(пайванди дастнорас)) ба тамоми ҷаҳон дастрас мебошанд.[34]
- 21 август — дар Душанбе майдони бошукӯҳи варзишӣ Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ» мавриди истифода қарор дода шуд.[35]
- 22 август — дар Душанбе — дар Душанбе масъалаҳои нақши Тоҷикистон дар пешбурди дипломатияи байналмилалии об ва Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об баррасӣ гардиданд.[36][37]
- 24 август — дар Душанбе Маросими ифтитоҳи расмии Театри миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гардид[38].
- 1 сентябр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзӯи «СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба» иштирок ва суханронӣ намуданд. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул карда буд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод шуда, солҳои 2027–2036-ро «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» эълон менамояд. Изҳори итминон карда шуд, ки ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар қатъномаи ба наздикӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон қабулшудаи СММ доир ба "Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда" саҳми назаррас дар таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар ҷаҳон хоҳад буд. Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карда шуд, ки ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар қатъномаи ба наздикӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон қабулшудаи СММ доир ба "«Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» саҳми назаррас дар таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар ҷаҳон хоҳад буд ва соли 2027 Тоҷикистон нақша дорад дар доираи ин даҳсола якҷоя бо СММ аввалин Конфронси байналмилалӣ баргузор намояд ва аз шарикони байналмилалӣ даъват карданд, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок варзанд.[39].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмонзода А.Қ.(тоҷ.). president.tj (7 Январ 2026).
- ↑ АМИТ «Ховар»(тоҷ.). khovar.tj (7 Январ 2026).
- ↑ Ба имзо расидани як қатор қонунҳо(тоҷ.). president.tj (16 феврали 2026).
- ↑ Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). mmk.tj (16 феврали 2026).
- ↑ Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). president.tj (27 феврали 2026).
- ↑ АМИТ «Ховар»(тоҷ.). khovar.tj (27 феврали 2026).
- ↑ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон(тоҷ.). president.tj (26 марти 2026).
- ↑ Церемонияи расмии истиқбол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон(рус.). president.tj (26 марти 2026).
- ↑ Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек(тоҷ.). khovar.tj (26 марти 2026).
- ↑ Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). president.tj (28 марти 2026).
- ↑ АМИТ «Ховар»(тоҷ.). khovar.tj (28 марти 2026).
- ↑ Заседание Правительства Республики Таджикистан(рус.). president.tj (29 апрели 2026).
- ↑ АМИТ «Ховар»(тоҷ.). khovar.tj (29 апрели 2026).
- ↑ Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин(тоҷ.). khovar.tj (13 май 2026).(пайванди дастнорас)
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). president.tj (13 май 2026).
- ↑ Иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»(тоҷ.). president.tj (26 май 2026).
- ↑ Суханронӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»(тоҷ.). president.tj (26 май 2026). 22 августи 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 августи 2026.
- ↑ АМИТ «Ховар»(тоҷ.). khovar.tj (26 май 2026).
- ↑ Сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ(тоҷ.). president.tj (26 май 2026).
- ↑ АМИТ «Ховар»(тоҷ.). khovar.tj (26 май 2026).
- ↑ Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд(тоҷ.). khovar.tj (19 июни 2026).
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). president.tj (19 июни 2026).
- ↑ International Decade of Strengthening of Peace for Future Generations 2027–2036(англ.). United Nations (25 June 2026).
- ↑ General Assembly: 93rd plenary meeting, 80th session(англ.). United Nations (25 June 2026).
- ↑ Сафари давлатӣ ба Муғулистон(тоҷ.). president.tj (20 июли 2026).
- ↑ Рӯйдодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). president.tj (20 июли 2026).
- ↑ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон(тоҷ.). president.tj (21 июли 2026).
- ↑ Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд(тоҷ.). khovar.tj (20 июли 2026).
- ↑ Ифтитоҳи фосилавии 7 мактаби миёна, 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, биноҳои меҳмонхона ва маҷмааи солимгардонӣ, шуъбачаи милитсия, Қасри ҳоким ва 4 корхонаи истеҳсолӣ дар шаҳри Ҳисор(тоҷ.). president.tj (11 августи 2026).
- ↑ Хабарҳои 11 августи соли 2026(тоҷ.). khovar.tj (11 августи 2026).
- ↑ Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд(тоҷ.). khovar.tj (12 августи 2026).
- ↑ Бойгонии хабарҳои августи соли 2026(тоҷ.). khovar.tj (12 августи 2026).
- ↑ Радиои «Сафина» ба фаъолият оғоз мекунад(тоҷ.). Pressa.tj.
- ↑ Пахши мустақими Радиои «Сафина»(тоҷ.). Сомонаи расмии МД «Телевизиони Сафина».
- ↑ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи миллиро бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (21 августи 2026). 27 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об — василаи таҳкими дипломатияи об дар ҷаҳон(тоҷ.). khovar.tj (22 августи 2026).
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). president.tj (22 августи 2026).
- ↑ Ифтитоҳи Театри миллии Тоҷикистон(тоҷ.). ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (24 августи 2026). 25 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+(тоҷ.). ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (1 сентябри 2026). 1 сентябри 2026 санҷида шуд.