Соли 2012
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз 2012)
| Солҳо |
|---|
| 2008 · 2009 · 2010 · 2011 — 2012 — 2013 · 2014 · 2015 · 2016 |
| Даҳаҳо |
| 1990-ум · 2000-ум — 2010-ум — 2020-ум · 2030-ум |
| Садаҳо |
| садаи XX — садаи XXI — садаи XXII |
Соли 2012 (ду ҳазору дувоздаҳум)-и тақвими григорӣ — соли кабиса аст, ки аз рӯзи якшанбе оғоз мешавад. Ин соли 2012-и мелодӣ, соли 2-уми даҳаи юми асри 21.11-и ҳазораи 3.011, соли дуюми солҳои 2012-ум аст.
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 17 апрел – дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС (Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои Москва) бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ ёфт. Филиал барои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисони баландихтисос таъсис дода шуд.[1][2]
- 20 апрел – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа баррасӣ гардида, вазифаҳои минбаъдаи мақомоти давлатӣ муайян карда шуданд.[3][4][5]
- 12 июн – дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» фаъолияти корхонаи ҶДММ «Равзана Пластик» оғоз гардид. Корхона аввалин истеҳсолкунандаи профилҳои пластикӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва иқтидори солонаи он 3000 тонна маҳсулотро ташкил медод.[6][7]
- 17 сентябр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонид. Дар таҳрири нав шумораи умумии андозҳо аз 21 намуд то 10 намуд, аз ҷумла 8 андози умумидавлатӣ ва 2 андози маҳаллӣ, кам карда шуда, расмиёти андозбандӣ ва ҳисоботдиҳӣ содда гардонида шуданд. Кодекс аз 1 январи соли 2013 мавриди амалқарор гирифт.[8][9]
- 5 октябр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ҳамин рӯз созишномаи байниҳукуматӣ оид ба мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.[10]
- 27 октябр – нақби автомобилгарди «Шаҳристон» расман ба истифода дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи он иштирок намуд. Дарозии нақб 5253 метр ва дарозии нақби ҳаводиҳанда 5289 метр буда, барои бунёд ва таҷҳизонидани он тақрибан 430 миллион сомонӣ равона гардид. Ифтитоҳи нақб вақти ҳаракат байни Душанбе ва Хуҷандро ба таври назаррас коҳиш дод.[11][12]
Декабри соли 2012
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 декабр – Донистани забони русӣ барои муҳоҷирон дар Русия ҳатмӣ шуд[13].
- 7 декабр – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015-ро бо қарори №718 тасдиқ намуд. Стратегия ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди иҷтимоӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ равона шуда буд.[14][15]
- 10 декабр – Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бастаи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Тоҷикистон баъди тасвиби протоколи узвият 2 марти соли 2013 расман узви 159-уми Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.[16][17][18]
- Иттиҳодияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» таъсис шуд.[19].
- Тарҳи созишнома миёни Тоҷикистон ва НАТО ба тасвиб нарасид.[20]
- Намоишгоҳи саноатии Эрон дар Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид.[21]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]| Соли 2012 дар Викианбор |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ифтитоҳи филиали МИСиС дар Душанбе(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (17 апрели 2012).
- ↑ 17/04/2012 — Ифтитоҳи филиали МИСиС дар Душанбе(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (17 апрели 2012).
- ↑ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (20 апрели 2012).
- ↑ Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 апрели соли 2012(тоҷ.). Ҷумҳурият. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели 2012).
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2012, №177 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 зикр гардидаанд»(тоҷ.). ADLIA. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 апрели 2012).
- ↑ Итоги первого дня рабочей поездки Э. Рахмона в Согдийскую область(рус.). НИАТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (12 июня 2012).
- ↑ Истеҳсоли дару тирезҳои пластикӣ дар Суғд(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (2 феврали 2012).
- ↑ Кодекси нави андоз ба имзо расид(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (17 сентябри 2012).
- ↑ Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). ADLIA — Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- ↑ Ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Пойгоҳи низомии 201 Русия(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (5 октябри 2012).
- ↑ Ифтитоҳи расмии нақби мошингарди Шаҳристон(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (27 октябри 2012).
- ↑ Нақби «Шаҳристон» ифтитоҳ ёфт(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (27 октябри 2012).
- ↑ Донистани русӣ барои муҳоҷирон дар Русия ҳатмӣ шуд.. 27 Декабри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 сентябри 2014.
- ↑ Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2015(тоҷ.). ADLIA — Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- ↑ Tajikistan to become 159th WTO member(англ.). World Trade Organization. WTO (31 January 2013).
- ↑ Annual Report 2013 — Joining the WTO(англ.). World Trade Organization. WTO.
- ↑ 10/12/2012 — Тоҷикистон ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (10 декабри 2012).
- ↑ Иттиҳодияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» таъсис шуд. 27 Декабри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 апрели 2015.
- ↑ МН тарҳи созишнома миёни Тоҷикистон ва НАТО-ро тасвиб накард. 27 Декабри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 сентябри 2014.
- ↑ Намоишгоҳи саноатии Эрон дар Тоҷикистон. 27 Декабри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 апрели 2015.